БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАРЗИШ ҚОСИДИ СУЛҲ АСТ

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Варзиш”  бо иштироки аъзои Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг вохӯрӣ доир карда шуд, ки   ҳозирин дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020  - 2025, номзадҳои он ва Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   маълумоти муфассал пайдо намуданд.

ҲХДТ  зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда,  барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад. Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба он вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.

Дар баромадҳо дар бораи ҳамаи ҳашт боби барнома, аз ҷумла варзиш ҳамчун қосиди сулҳ  маълумот дода шуд. Ҳамчунин оид ба  вазифаҳои интихобкунандагон дар баргузории интихобот сухан рафт.       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg