БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ БА МАРДУМИ ТОҶИК АСТ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Дӯстӣ” -и Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баргузор гардид.

Роҳбарияти Кумитаи иҷроия зимни суханронӣ қайд кард, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд барои корҳои ободонӣ то имрӯз амаликардаашон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Инчунин, дар идома таъкид шуд, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30- солаги Истиқлолияти давлатӣ ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода  ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намоянд. Мо бояд ин ҷашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрӯза беҳтар ва бо дастовезҳои арзандаи миллати некномамон истиқбол намоем. Сипас, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баррасӣ карда шуда,  қайд гардид, ки ҲХДТ  шакли давлатдории дунявиро ҳамчун низоми озмудаи давлатдорӣ эътироф намуда, густариши арзишҳои умумиинсониро  аз самтҳои  стратегии фаъолияти сиёсӣ ва мафкуравии худ мешуморад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg