ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии ҳизбӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади он ба вакилии Маҷлиси Олии мамлакат баргузор гардид.
Зимни баромад роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар бораи бунёди инфрасохтори нақлиёт барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва осон намудани содироти маҳсулоти ватанӣ мусоидат менамояд. Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлати сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 милиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Ҳоло таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе- Бохтар, Хуҷанд - Исфарра, Кӯлоб- Ш. Шоҳин, Шкев- Қалъаихумб, Кӯлоб-Муъминобод ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ идома дошта, роҳҳои зикршуда то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад.
Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳанги кишвар муайян менамояд.