
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар доираи «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дода, инчунин Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро барои солҳои 2020-2025 тарғибу ташвиқ намуда, иштирокдоронро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, содиқона хизмат намудан ба халқу Ватан раҳнамоӣ карданд.