БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТУРИ КОРИ ҲАРРӮЗАИ МОСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва Паёми навбатӣ  дар ташкилотҳои ибтидоии «Бахши маориф», «МТМУ №2» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ оид ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, эълон гардидани соли 2020 барои сохторҳои ҳизбии вилоят ҳамчун “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ”, баргузории маъракаи интихоботи вакилон ба парлумони кишвар,  маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ суханронӣ намуданд.

Инчунин,  иштирокчиёни маҷлис аз суҳбати гурӯҳи корӣ аз Паёми Пешвои миллат илҳом гирифта, ваъда доданд, ки дастуру ҳидоятҳои  Пешвои миллатро дастури амали кории худ қарор дода, бо амали неку шоистаи хеш дар ободии Ватан саҳми арзандаи худро мегузоранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg