БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНРО БА ҲУШЁРИВУ ЗИРАКӢ ҲИДОЯТ ВА ДАР РӮҲИЯИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН ТАРБИЯ МЕНАМОЕМ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Боиси шукргузорӣ ва фараҳмандист, ки бо шарофати дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон зери таваҷҷуҳи бевоситаи давлату Ҳукумат қарор гирифта шудаанд, бинобар ин ҷавонон вазифадоранд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ дар  пойдории сулҳу суботи кишвар саҳмгузор бошанд.

Имрӯзҳо нақши ҷавонон дар тарбияи ғоя ва арзишҳои миллӣ калон аст  - иброз дошт дар баромадаш Файзизода Каримҷон  раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар мулоқот бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Заминсозӣ», ки аксарияти онҳоро ҷавонон ташкил медоданд.

Ҳамзамон, оид ба вазифагузориҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёмашон овардаанд, суханронӣ карда шуд. Аз он ҷумла дар бораи  мубориза бо терроризму экстремизм ва  шарти муҳимми ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо ин падидаи даҳшатнок андешаронӣ шуда, таъкид гардид, ки насли калонсолро зарур аст, дар роҳи ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ садди устувор гузошта, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят намоем ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg