БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБ САРЧАШМАИ ҲАЁТ АСТ, ИСТИФОДАИ САМАРАНОКУ САРФАКОРОНАИ ОНРО ҶОРӢ НАМОЕМ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии ташаббуси чаҳоруми Тоҷикистон дар кишварҳое, ки норасоии об дар онҳо зиёд аст, як силсила барномаҳоро амалӣ карда истодааст.

Дар ин росто, мо низ ҳамчун пешоҳанги ин амал дар кишвар дар доираи “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025” доир ба таъмин кардани аҳолии кишвар бо оби босифати ошомиданӣ як силсила корҳоро анҷом додем.

Доир ба ин масъала дар ташкилоти ибтидоии «Арзанда» бо аъзои ҳизб вохӯрӣ гузаронида шуда, қайд гардид, ки таҳия ва иҷрои лоиҳаҳои  Барномаи мазкур буд, ки аҳолии ноҳияи Панҷ пурра бо оби босифати ошомиданӣ таъмин гардид. Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон кишвари сероб мебошад, дар шароити имрӯза ва бо дарназардошти манфиатҳои наслҳои оянда мо бояд роҳҳои истифодаи самараноку сарфакорона ва муносибати эҳтиёткорона бо захираҳои обро васеъ ҷорӣ намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg