НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Дар ташкилоти ибтидоии “Ёсуман” оид ба таблиғу ташвиқи Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯрии мазкур намояндагони ҳизбӣ оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паём баромад намуда, иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст.