БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ КОНФЕРЕНСИЯИ 13-УМИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ МӮЪМИНОБОД ДОИР ГАРДИД

МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ноҳияи Мӯъминобод Конференсияи ҳизбӣ доир ба пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва ноҳия баргузор гардид.

Дар кори Конференсия намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон- роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ Наврӯз Ҳусейнзода  иштирок ва суханронӣ намуд.

Ба идомаи Конференсияи 13-уми ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод  масъалаи  пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии  Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар ҳавзаҳои интихоботии “Мӯъминобод №52, №53”-и қаламрави ноҳия,  пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуда, Амиршозода Тоҳирхон Темур раиси ноҳияи Муъминобод аз ҳавзаи интихоботии “Муъминобод №53”, ва Мирзошарифзода Сабоҳат Мирзошариф раиси ҷамоати шаҳраки Муъминобод аз ҳавзаи интихоботии “Муъминобод №52” ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят пешбарӣ гардиданд.

Доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи Конференсия низ рӯйхати вакилони пешбаригардида ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  ба саъми ҳозирин расонида шуда, дар 35 ҳавзаи интихоботии ноҳиявӣ вакилон пешбарӣ гардиданд.  Дар кори конференсия 120 нафар вакилон аз ташкилотҳои ибтидоӣ даъват карда шуда, 112 нафар вакилон иштирок намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg