БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – ДАСТУРАМАЛИ ОМӮЗИШӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҳаллаи 20-солагии Истиқлолият доир ба расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ иштирок дошта,  изҳор карданд, ки дар Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд доштанд, ки “...китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад”. Аз ин рӯ падару модаронро зарур аст, ки фарзандонро дар рӯҳияи китобдӯстӣ тарбия намоянд. Зеро устувории ҳар як давлат аз шахсони саводнок ва донишманд вобастагии калон дорад.

Ҳамзамон, дар Паём Пешвои миллат дар барбари масъалаҳои марбут ба тарбияи наврасону ҷавонон ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар ниҳоят муҳим арзёбӣ гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg