БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – ДАСТУРИ СОЗАНДА

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пурра фаро гирифтани аҳолӣ ва дарк кардани моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи тандурустӣ вохӯрӣ анҷом дода шуд.

Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ ҳангоми суҳбат қайд карданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола пешкаш шуда, дар он паҳлуҳои гуногуни сиёсати дохилию хориҷии мамлакат матраҳ ва вазифагузориҳои нав барои пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар амалӣ мегардад.

Дар рафти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки ҳангоми ироаи Паём Сарвари давлат гуфтанд, ки “Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт”. Паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ва боло рафтани сину соли шаҳрвандон ин шаҳодати он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол пешрафт карда, боду ҳавои аз ҷиҳати экологӣ тоза имконият медиҳад, ки ҷомеа ҳамеша солим бошад.

Бояд гуфт, ки Паёми ҳамасолаи Пешвои миллат ба мардум чун дастуре дониста мешавад, ки аз рӯи он корбарӣ дар тамоми самтҳои соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат истифода карда мешавад.

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg