БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – МУАЙЯКУНАНДАИ ВАЗИФАҲОИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо кормандони соҳаи маориф оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ҳизбӣ  ва аъзои Ситоди пешазинтихоботӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Масъулин дар рафти вохӯрӣ изҳор доштанд, ки зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, новобаста ба сину сол ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд аз китобҳои бадеию илмиро мутолеа намояд. Инчунин, дар ҳамин росто дастур доданд, ки дар назди ҳар як ташкилоту муассиса ва корхонаҳо китобхонаҳо таъсис дода шаванд. Зеро чунин дастур имконият медиҳад, ки ҷомеа рӯ ба китобхонӣ биёрад ва аз таъриху тамаддуни хеш бохабар бошанд.

Вобста ба дигар паҳлуҳои Паёми Пешвои миллат аз ҷониби масъулин  ибрози андеша карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg