БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ФАРЗАНД ВАЗИФАИ ВОЛИДАЙН АСТ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Қубодиён суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодааст.

Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии “Сино” хониши сиёсӣ баргузор гардида, масъулин дар бораи омӯзиши забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ, дар замири насли ҷавон бедор кардани завқи китобхонӣ андешаронӣ намуда, таъкид карданд, ки масъулини соҳаро зарур аст назоратро дар самти таълиму тарбия, донишомӯзии донишҷӯён, ки онҳо ояндаи Тоҷикистони азизамон мебошанд, пурзӯр намуда, фарзандони ватандӯсту худогоҳро тарбия созанд.

Сипас,дар ин раванд моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ба дарки ҳамагон расонида шуд.

                                                                                                            

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg