БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲСОЗОНРО ДУОЕ МЕРАСАД...

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз”  бо иштироки аҳли заҳмати корхона вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бобати эълон гардидани соли 2020 барои сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон ҳамчун “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ”, дар доираи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, баргузории маъракаи интихоботи вакилон ба парлумони кишвар ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва доираи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ андешаронӣ карда шуд.

Ҳамзамон, дар партави қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба як нафар корманди ташкилоти ибтидоӣ, ки аз шахсони ниёзманди ҷомеа ба ҳисоб меравад,  кумаки яквақтаинаи маводи хӯрока расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg