АНДЕША. Нахуст, месазад қайд намоем, ки ҷомеа дар роҳи ватансозӣ ҳамеша ба маҷмуи андешаҳои созандаву ба сӯи пешрафт таҳрикдиҳанда эҳтиёҷ дорад. Барои мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол чунин маҷмӯи андешаҳои пешбаранда ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мебошад, ки роҳи моро ба сӯи ватансозӣ пайваста равшан мегардонад. Месазад зикр намоем, ки сохторҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлон соли гузашта дар самти тарғиб ва татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои муайянеро ба анҷом расонида, масъалаи мазкурро ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбї муқаррар карда, дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳо ба таври фарогир сокинонро барои саҳм гузоштан дар татбиқи амалии нуктаҳои асосии Паём ва дар ин ҳошия анҷом додани корҳои созанда сафарбар намудем. Ин тадбиру иқдом аҳамияти баланди ҳидоятҳои Пешвои миллатро дар самти наздик будани сохторҳои ҳизбӣ бо халқ амалан собит кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26.12.2019 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли ҷомеа нахуст вобаста ба дастовардоҳи дохиливу хориҷӣ ибрози назар намуда, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи мо ҳизбиёнро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан сохт.
Ҳамзамон, Пешвои миллат дар назди вакилони халқ, Ҳукумат ва фаъолони ҷомеа ҷиҳати тақвияти дастовардҳои соли гузашта як қатор вазифаҳои муҳимро гузоштааст, ки мо сохторҳои ҳизбӣ метавонем, дар иҷрои аксари ин дастурҳо саҳми бориз гузорем, аз ҷумла вобаста ба вазифаҳои зерин:
- Мусоидат дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва рушди коммуникатсияи кишвар аз роҳи сафарбар намудани аҳли ҷомеа ба хоҷагидорию кишоварзӣ ва бунёди роҳҳои маҳаллӣ;
- Саҳм гузоштан дар рушди устувори иқтисодӣ ва баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум тавассути таъмини татбиқи пурраи қонунҳои миллӣ;
- Бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар самти тавсеаи имкониятҳои истеҳсолии мамлакат ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ;
- Мусоидат дар тақвияти нерӯи инсонӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ;
- Тарғиби афзалиятҳои соҳибкорӣ бо мақсади инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуд бахшидан ба вазъи бозори меҳнат ва ғайра.
Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои дар он зикр шуда, аз ҷумла соҳаҳои муҳимми ҷомеа – молия, андоз, саноат, иқтисод, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, экология, сайёҳӣ ва рушди деҳот, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занону ҷавонон, ҳуқуқу волоияти қонун, амнияти миллӣ, гумрук ва сиёсати хориҷӣ таҳлил ва дар доираи онҳо вазифаҳо барои соли 2020 мушаххас гардиданд.
Дар Паём ба самти рушди молия диққати аввалиндараҷа дода шуда, дар муҳокимаи масъалаи мазкур паёмадҳои иқтисодиву иҷтимоии раванди тағйир ёфтани муносибатҳои иқтисодии байналмиллалӣ, вазъи бозорҳои молиявӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, таъмин намудани фаъолияти босуботи низоми бонкӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд.
Вобаста ба ин, мо аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро мебояд ҳангоми суҳбату вохӯриҳо дар маҳал ба дарки ҷомеа расонидани аҳамияти супоридани андоз ва дигар пардохтҳои давлатӣ, зимни суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоту муассисаҳо тарғиби истифодаи босамар аз воситаҳои хизматӣ ва сарфакорона харҷ кардани маблағҳои буҷет, ба дарки соҳибкорон расонидани аҳамияти сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои хурду бузурги тиҷоратии сатҳи маҳал, фаҳмонидани моҳияти истифода аз хизматрасонии бонкӣ, гузоштани пасандозҳо ва истифода аз қарзҳои имтиёзнок ва ғайра.
Пешвои миллат дар Паёми имсола вобаста саноатикунонии кишвар эътибори ҷиддӣ дода, таъкид намуданд, ки соли 2020 татбиқи боз 23 лоиҳаи нави давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ оғоз меёбад, ки ин тадбирҳо ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва истифодаи воситаҳои дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон гардида, Тоҷикистонро аз кишвари ру ба рушд ба марҳилаи нави тарақиёт ворид месозад.
Дар ин самт, мо аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро мебояд таваҷҷуҳи соҳибкоронро ба рақобатпазир сохтани молҳои истеҳсолӣ ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мувофиқ кардани онҳо ҷалб сохта, аҳамияти зиёд кардани содирот ва кам кардани воридотро дар пешрафти иқтисод ва баланд гаштани сатҳи некӯаҳволии ҷомеа ба таври дахлдор фаҳмонем, соҳибкоронро ба моҳияти “Стратегияи миллии рушди иқтисоди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба таври лозимӣ шинос карда, саҳми онҳоро дар таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои иқтисодӣ мушаххас гӯем, бо шарҳу тавзеҳи имтиёзҳои дар Паём пешбинишуда дар самти иқтисод ва саноат, мардумро ба амалисозии лоиҳаҳои гуногун ва ворид намудани технологияи муосир ҳавасманд созем, дар заминаи рушди иқтисодиёти кишвар зиёд шудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои алоҳида, стипендия ва ҳадди ақалу ҳадди ниҳоии нафақаро бо ҷалби мутахассисони молияшинос, дар байни мардум шарҳ дода, дар ин замина аҳамияти масъулияти шаҳрвандиро дар супоридани андоз ва иҷрои дигар уҳдадориҳои давлатӣ фаҳмонем, соҳибкоронро бо назардошти фаҳмонидани имтиёзҳои пешбинигардида дар бунёди корхонаҳои саноатӣ ҳавасманд намоем, дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва фаъол гардонидани сармоягузории хориҷӣ мусоидат кунем, ҳамкории қаноти ҷавонони ҳизб – ТҶҶ “Созандагони Ватан”-ро бо корхонаҳои саноатӣ дар самти омода намудани кадрҳо бо ихтисосҳои техникиву технологӣ ба роҳ монем.
Расидан ба Истиқлолияти комили энергетикӣ ҳамчун ҳадафи муҳимми стратегӣ пайваста дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, тавре дар Паём зикр гардид, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар 7 соли охир, яъне солҳои 2013-2019 — ум 1,3 баробар (аз 16 миллиард ба зиёда аз 20 миллиард киловатт — соат) афзоиш ёбад. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Дар доираи ин лоиҳаҳо ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба кор андохта шуд. Инчунин, вобаста ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи нерӯи барқ таъкидҳои муфид низ карданд.
Дар зимн мебояд ёдовар шуд, ки мо аҳли ҷомеаро зарур аст дар ин росто саҳми арзандаи худро гузошта, корҳои муайянро ба анҷом расонем. Аз ҷумла, дар самти баланд бардоштани маърифати ҷомеа, вобаста ба оқилона ва сарфаву сарриштакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва саривақт супоридани ҳаққи хизмати он аз роҳи бурдани тарғиботи фаъол саҳм гузорем, аз роҳи тарғибу ташвиқи созанда ба раванди гузариш ба ҳисобкунакҳои муосир ва шакли электронии пардохти ҳаққи хизмати барқ суръати тоза бахшем, кӯшишҳои давлату ҳукуматро дар мавриди расидан ба истиқлолияти энергетикӣ (сохтани нерӯгоҳҳои барқии нав ва таҷдиду навсозии нерӯгоҳҳои мавҷуда бо назардошти маблағҳои дар ин самт ҷудошуда) ба мардум шарҳ диҳем, моҳияти ба истифода додани ду агрегати НБО-и “Роғун”-ро ҳамчун иншооти азими аср ва таъсири он ба рушди иқтисодиёти мамлакатро ба ҷомеа фаҳмонем, моҳияти аз лиҳози экологӣ тоза будани барқи Тоҷикистон ва нақши он дар рушди “энергияи сабз”-ро тавассути ВАО васеъ тарғиб намоем.
Дигар масъалае, ки дар Паёми Пешвои миллат баён гардид, ин масъалаи нақлиёт ва коммуникатсия буд. Тавре зикр гардид: Бунёди инфрасохтори нақлиёт барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва осон намудани содироти маҳсулоти ватанӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ (яъне Лахш) ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаихумб — Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ, Ҳулбук — Темурмалик ба маблағи 200 миллион сомонӣ ва сохтмони пули ҳафтуми дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афгонистон дар мавзеи Кокул бо 18 километр роҳи мошингард ба маблағи 70 миллион сомонӣ ва дигар лоиҳаҳо оғоз меёбанд.
Ҳоло таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе — Бохтар, Ҳуҷанд — Исфара, Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин, Шкев — Қалъаихумб, Кӯлоб — Муъминобод ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ идома дошта, роҳҳои зикршуда то ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд. Ҳамзамон қайд гардид, ки дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд.
Чунин корҳо, ки гувоҳи фаъолнокии баланди мардуми кишвар ба хотири ояндаи неки Ватани маҳбубамон ба ҳисоб мераванд.
Дар ин самт, вазифаҳои мо аъзои фаъоли ҳизб аз он иборат аст, ки дар татбиқи вазифаҳои дар Паём вобаста ба ин масъала зикршуда аҳли ҷомеаро сафарбар намоем, аз маъракаҳои серхарҷ парҳез намуда, хайру худро барои бунёди роҳу пулҳо ҷиҳати рушт ёфтани маҳал ё макони зисти худ равона созем, моҳияти стратегии коммуникатсия, махсусан, сохтмони роҳу нақб ва пулҳоро дар пешрафти иқтисоди миллӣ, ба таври васеъ шарҳу тавзеҳ диҳем, дастовардҳои Тоҷикистонро ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва раванди иҷроиши тадбирҳо дар самти таъмиру азнавсозии роҳҳои кишвар тарғиб намоем.
Сарвари давлат дар Паём вобаста ба нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо рушди соҳаи сохтмон ибрози андеша карда, баён намуданд, ки: “Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.
Бо мақсади беҳтар намудани пешбурди фаъолият дар соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ ва сохтмон санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа такмил дода шудаанд.
Танҳо дар давоми ҳафт соли охир ба маблағи беш аз 37 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, қариб 8 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардуми кишвар 135 ҳазор гектар замин барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим карда, дода шуд.
Доир ба ин масъала таъкид менамоям, ки ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти гуногун бояд санъати меъморӣ риоя гардида, барои боз ҳам беҳтару зебо гардидани симои шаҳру деҳот кӯшиш ба харҷ дода шавад”.
Бо назардошти ин, мо аҳли ҷомеа ва фаъолони ҳизбиро зарур аст, ки ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намоем.
Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат рушди соҳаи кишоварзиро масъалаи ҳаётан муҳим арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки Дар солҳои минбаъда пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ низ меафзояд.Сол ба сол афзоиш ёфтани масоҳати заминҳои бекор, биёбоншавӣ ва камобиву хушксолӣ боиси торафт паст шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мегардад.
Бо назардошти ин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки моро зарур аст, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи об барои обёрии заминҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об тадбирҳои доимӣ андешем.
Ҳамзамон, Пешвои миллат ба масъалаи азхудкунии заминҳои нави корам ва бо назардошти афзоиши шумораи аҳолӣ таъмин намудани мардум бо маводи ғизоӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ин росто, вазифаи мо фаъолони ҳизб ва аҳли ҷомеа аз он иборат аст, ки ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ бо назардошти имтиёзҳои давлатӣ дар ин самт миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд, деҳқононро ба истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдони боғу токзор ва дар баробари таъмини бозори дохилӣ ба меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, инчунин ба хориҷи кишвар содир намудани маҳсули заҳмати худ аз роҳи тарғиботи солим ҳавасманд намоем, ба соҳибкорони истеҳсолӣ аҳамияти молиявӣ ва баланд будани сатҳи даромаднокӣ аз коркард ва баъдан ба фуруш баровардани нахи пахтаро нибат ба ашёи хоми он бо ҷалби мутахассисони соҳа фаҳмонем, раванди сохтани гармхонаҳо ва аҳамияти он ҷиҳати ба бозор баровардани маҳсулоти барвақтиро ба деҳқонон фаҳмонида, бо ҷалби мутахассисон ҷанбаҳои даромаднокӣ аз онро тарғиб намоем.
Аз масъалаҳои дигари ҳаётан муҳим, ки дар Паём зикраш рафт ин масъалаи обу экология буд. Пешвои миллат аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки: Дар чил соли охир аз таъсири гармшавии иқлим беш аз ҳазор пирях об шуда, пурра аз байн рафтааст.
Ҳамзамон, таъкид доштанд, ки “Ҳолати кунунии пиряхҳо тақозо менамояд, ки якҷо бо сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла дар самти ташкил намудани экспедитсияҳои омӯзиши вазъи онҳо тадбирҳо андешида шаванд”.
Бо назардошти мушкилот ва имкониятҳое, ки Пешвои миллат дар ин самт зикр намуданд, моро лозим аст амалишавии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳамзамон ташкили чорабиниҳо ба оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро тарғиб карда, минбаъд низ дар амалисозии ҳадафҳои олии дар ин самт пешбинишуда ҷаҳду талош намоем, мардумро бо назардошти урфу одатҳои миллӣ ба эҳтироми об ташвиқ карда, расидан ба қадри ин неъмати бебаҳоро ба масъалаи эмониву виҷдонӣ табдил диҳем, ба сокинон моҳияти пардохти ҳаққи хизмати истифода аз обро ҷиҳати бунёди инфрасохтори нави обкашӣ ва таъмини дигар сокинони кишвар бо оби ошомиданӣ фаҳмонем, назари хайрхоҳонаи Тоҷикистонро ҳамчун молики захираҳои бузурги об ҷиҳати таъмини кишварҳои минтақа бо оби ошомиданӣ ва дастовардҳои кишварро дар ин самт ҳамаҷониба тавассути ВАО муаррифӣ намоем, корҳои хайру сахои мардум, хусусан хароҷоти ғайриқонуние, ки дар рафти маъракаҳои азодорӣ ташкил мекунанд ба самти кашида баровардани хатҳои оби нӯшокӣ ва дигар корҳои созандагӣ дар маҳал сафарбар намоем.
Дар идомаи Паём зикр гардид, ки рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, дар Паём қайд гардид, ки “Аллакай, дар зарфи соли якуми эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст”.
Дар ин маврид, дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таъкид доштанд, ки “Бо вуҷуди ин, мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшем, мушкилоти чойдоштаро бартараф созем ва барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем”.
Дар ин радиф, моро лозим аст дар рушди деҳот тавассути вусъат бахшидани аксияи ҳизбии таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” мусоидат намоем, корҳои хайру сахои сокинонро ба ободонии маҳал ва такмил додани инфрасохтори иҷтимоиву сайёҳӣ, пеш аз ҳама инфрасохтори соҳаҳои маорифу тандурустӣ сафарбар намоем, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз роҳи сафарбар кардани сокинон ба бунёди муассисаҳои хизматрасонӣ (аз қабили сартарошхона, ҳаммом, дуконҳои ҳунарҳои мардумӣ, марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ...) мусоидат намоем, аҳли ҷомеаро ба саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо инобати шарҳи мушаххаси имтиёзҳои давлатӣ (андозу пардохтҳо, лоиҳаву грантҳои давлатӣ ва даромадҳое, ки аз ин ҳисоб ба даст овардан мумкин аст) ташвиқ созем, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбори омма табиати биҳиштосои Тоҷикистон, маконҳои таърихӣ (бо назардошти дастовардҳои донишмандони бостоншинос ва коффтуковҳои археологӣ, ҳамчунин қиссаву ривоятҳои вобаста ба он) ва имкониятҳои дигари мавҷударо ҷиҳати рушди саёҳати дохиливу хориҷӣ тарғиб намоем, аҳолиро ҷиҳати дар хона истеҳсол намудани молҳои ниёзи мардум ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва аз ин роҳ таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳавасманд намоем, барои муаррифии бештари дастовардҳо дар самти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аксия ва дигар чорабиниҳои оммавӣ доир намуда, ба ҷомеа фаҳмонем, ки сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ яке аз соҳаҳои даромаднок ва манбаи ҷойҳои корӣ мебошад, бо ҷалби аҳли ҷомеа дар тозагиву покизагии ҷойҳои таърихӣ ва мавзеъҳои наздик ба он мусоидат намоем, бо ҷавонон дар мавриди риояи рафтору муносибатҳои дурусти муошират бо шаҳрвандони хориҷӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намоем.
Аз дигар самтҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, ки дар Паём зикр гардид, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ буд. Тавре Пешвои миллат зикр намуданд, давлату Ҳукумати Тоҷикистон пайваста ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ эътиборӣ ҷиддӣ дода, бештари маблағҳои буҷа ба рушди ин соҳаҳо нигаронида мешаванд.
Пешвои миллат дар баробари ин чунин қайд карданд, ки “Мардуми мамлакат барои иҷрои ниёзҳои динии худ дар як муддати кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 5 ҳазор масҷид бунёд карданд”.
Дар зимн таъкид намуданд, ки “Акнун вақти он расидааст, ки маъракаи бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро вусъат бахшида, дар ин кори хайр ҳама якҷо саъю талош кунем ва саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем, яъне ғами фарзандонамонро хӯрем”.
Ҳамзамон, Пешвои миллат изҳор доштанд, ки “То ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад”. Вобаста ба соҳаи тандурустӣ бошад, Пешвои миллат гуфтанд, ки “Ҳарчанд ки дар натиҷаи таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир як қисми мушкилоти соҳа рафъ гардидааст, аммо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи касбии кормандони миёна ҳоло ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад” ва ба масъулон ҷиҳати ислоҳи ҳарчи зудтари вазъ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Вобаста ба ин масъала моро лозим аст ҷавонону наврасонро ба илмомӯзӣ тарғиб карда, ҷиҳати бедор кардани тафаккури эҷодии онҳо ва ихтирооту навовариҳо чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ доир намоем, ҷомеаро ба ташкили шароити мусоид барои таълиму тарбияи фарзанд дар хона ва баланд бардоштани маърифати хонаводагӣ дар муомила муносибат ва рафтору гуфтор сафарбар созем, ба дарки ҷомеа моҳияти эълон шудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”-ро расонем, аҳли ҷомеаро новобаста ба сину сол ҳангоми суҳбату мулоқотҳо ба китобу китобхонӣ талқин намоем, дар назди ташкилоту муассиса ва деҳаву маҳаллаҳоямон китобхона кушоем, вобаста ба интихоби касби наврасону ҷавонон ва тақвият бахшидани омӯзиш мувофиқ ба касби интихобкардаашон чорабиниҳои маърифатӣ-зеҳнӣ ташкил кунем, эҳсоси рақобати илмиву эҷодӣ ва навовариро дар ҷомеа бо назардошти рушди илму технология дар самту соҳаҳои алоҳида бедор карда, ташаббусҳои созандаро дастгирӣ намоем, тавассути гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сатҳи таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ мавриди назорати доимӣ қарор диҳем, ба дарки падару модарон расонем, ки ба таври инфиродӣ сифати таълиму тарбияи фарзандаш ва сатҳи дониши сатҳу сифати дарси омӯзгоронро зери назорат гиранд.
Барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, масъалаи солим нигоҳ доштани ҷомеа яке аз масъалаҳое буд, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паёми хеш ба он дахл намуданд. Бо назардошти ин мо ҳизбиёнро зарур аст, ки ҳангоми суҳбату мулоқот бо мардум аз бемориҳои сироятӣ, махсусан ВНМО ва Гепатит С, ки тамоми дунёро ба ташвиш овардааст, огоҳ созем, дар мавриди вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ таъкид созем, ки сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ хубтар ба роҳ монда, савияи касбии худро баланд созанд, ҷиҳати пешгирӣ намудани фурӯши дорувориҳои пасифат ва муҳлаташон гузашта мусоидат намоем, дастовардҳои кормандони соҳаи тандурустиро тавассути ВАО ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ намоем.
Яке аз нуктаи муҳиме, ки Пешвои миллат дар паёми худ баён доштанд, ин баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 — солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ буд.
Дар ин росто моро лозим аст, ки бо назардошти иқдоми Пешвои миллат дар самти устувор сохтани мавқеи фарҳангии миллати тоҷик ва баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 — солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ чораҳои зарурӣ андешем, дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоем.
Аз дигар масъалаҳои умдае, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ин мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа ва рушди соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш буд. Вобаста ба ин Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд”. Ҳамзамон, Пешвои миллат зикр доштанд, ки “Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад”.
Дар ин росто, Пешвои миллат як қатор масъалаҳое, ки ба дастгирии давлативу сиёсии ҷавонону занон марбут буд, мавриди баррасӣ қарор дода, ба мақомоти марбута дастуру тавсияҳои муфид дод.
Вобаста ба ин, вазифаҳои мо фаъолони ҷомеа аз он иборат аст, ки дар татбиқи амалии сиёсати Пешвои миллат дар самти занону ҷавонон ҳамаҷониба мусоидат кунем, аз нерӯи созандаи занону ҷавонон дар татбиқи қонунҳои миллӣ, пойдориву устувории фарҳангӣ милливу забони давлатӣ ва пешгирӣ аз пайдоиши терроризму экстремизм васеъ истифода барем, ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа дода, барои тандурустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем, ҷиҳати баргузор намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ миёни ҷомеа мунтазам чораҷӯӣ намоем, дар рушди инфрасохтори варзишӣ мусоидат намуда, ҷавононро ба варзиш ва дигар корҳои солимгардонӣ ҷалб созем, ҳамаҷониба ташаббусҳои занону ҷавононро дар доираи имкониятҳо дастгирӣ намоем, ҳисси баланди худшиносӣ ва худогоҳиву ватандӯстиро дар занону ҷавонон бештар намоем.
Роҷеъ ба интихоботи парлумонӣ низ дар Паём Пешвои миллат гуфта шуд, ки “Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳимми давлат мебошад”.
Дар ин маврид, мо фаъолони ҳизб ва аҳли ҷомеаро зарур аст дар доираи қонунҳои амалкунанда талош намоем, то ки ин чорабинӣ ба таҳкими боз ҳам бештари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия дар кишвари соҳибистиқлоламон мусоидат намоем, кушиш бар он кунем, ки бояд шахсони донишманду соҳибмаърифат, ботаҷрибаву обрӯманд ва ватандӯсту поквиҷдон пешниҳод ва интихоб шаванд, ба сокинон фаҳмонем, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз иштироки фаъолонаи онҳо ва интихоби вакили арзанда вобаста аст.
Қисмати ниҳоии Паёми имсоларо ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ ташкил медиҳад, ки дар рафти он масъалаҳои риояи қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, кафолати ҳамаҷонибаи адолати судӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва пешгири аз хатарҳои терроризму экстремизм баррасӣ карда шуданд. Инчунин, аз афзоиши ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта изҳори нигаронӣ карда шуда, қайд гардид, ки: “Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад”.
Дар ин самт, моро лозим аст муборизаи мардумро бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуби хусусияти террористиву экстремистӣ дошта ва падидаҳои иҷтимоии ба онҳо мусоидаткунанда, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия ва ғайра тақвият бахшем, дар ҷомеа бо ташкили механизми дурусти корбарӣ ҳисси нафрату муқовимат бар зидди амалҳои номатлубро ба вуҷуд орем, омилҳои зуҳур намудани коррупсияро мушаххас сохта, мавриди муҳокимаи умум қарор дода, маҳкум созанд ва дар амри фарогирифтани мафкураи зидди коррупсионӣ мусоидат кунем, саъю кӯшишро пеш аз ҳама ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар сафарбар созем, дар ниҳоди ҷавонон ҳисси ватандӯстиро баланд, намуда, нақши онҳоро дар таъмини оромиву субот ва ҳифзи марзи давлатӣ тарғибу ташвиқ намоем, вазъияти мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳои пешрафтаеро, ки замоне ба гирдоби таҳаввулоти геополитикӣ афтида, бо аз даст додани сулҳу суббот ва амният ба чунин рӯзҳо расидаанд барои аҳли ҷомеа хотирнишон созем, дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони фаъоли ҳизбӣ ҷавононе, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карда истодаанд, ба оилаҳои онҳо кӯмакҳои амалӣ расонем, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолиро тарғиб намоем.
Дар Паёми навбатӣ зимни баррасии масоили сиёсати хориҷии давлат дар ин росто, Пешвои миллат таъкидҳои судманд баён карданд. Тавре қайд гардид, “Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст.
Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, мо тавонистем бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, тақвият бахшем.
Мо минбаъд низ ин сиёсатро, бо дарназардошти воқеиятҳои нави байналмилалӣ, идома дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамкориҳоямонро бо шарикони стратегӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба сатҳи сифатан нав барорем”.
Аз ин рӯ, вазифаи мо фаъолони ҳизб дар самти ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар давраи навин аз он иборат аст, ки сиёсати сулҳҷӯёнаву башардӯстонаи давлату ҳукуматро тарғиб карда, дар ниҳоди ҳар як сокини кишвар ҳисси инсондӯстӣ ва донистани аҳамият ва қадру манзалати Сулҳу Ваҳдатро тарбия намоем, ҷомеаро аз хатарҳои муосири геополитикӣ аз роҳи таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, тамоюлҳои муносибатҳои байналмиллалӣ ва бархурди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат пурра огоҳ созем, манфиатҳои миллиро аз ҳама боло гузошта, ҳисси ифтихор аз давлати соҳибистиқлолро дар вуҷуди сокинон бештар намоем.
Дар хулосаи Паём аз ҷониби Пешвои миллат шуд, ки: “Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд”.
Мо фаъолони ҳизб ва аҳли ҷомеаро зарур аст дар баробари тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ҳамзамон дар самти татбиқи бандҳои дахлдори он саҳми арзанда гузошта, аз ин роҳ масъулияти худро дар роҳи иҷрои Барнома ва ҳадафҳои созандаи ҳизб таъмин кунем.
Абдулло РАҲМОНЗОДА – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан”.