БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОН –ГАВҲАРИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ АСТ!

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Дӯконӣ”-и шаҳри Норак  ҷиҳати шарҳу тавзеҳи  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Барномаи пешазинтихоботии  ҲХДТ вохӯрӣ  доир гардид.

Намояндагони ҳизбӣ дар баромади худ  аз нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем.Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардонидани ҷомеа густариш медиҳем. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд.

Инчунин, муҳтавои  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қайд гардид, ки барномаи пешазинтихоботӣ ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба он вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg