БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАНФИАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ АСТ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “СЭС”-и ноҳияи Қубодиён ҷиҳати таблиғу ташвиқи барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, пешбарии номзади ноҳиявии он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар участкаи интихоботии №17-и Ҷамаоти шаҳраки Қубодиён вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар маҷлис масъулини Кумитаи иҷроия аз дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Анҷумани 13-ҳуми ҲХДТ санаи 13-уми декабри соли 2019 дар ҳузури 1917 вакил баён доштанд, ёдовар шуда, зикр карданд, ки дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба манфиати ҳар як шаҳрванд ва барои шукуфоии Тоҷикистони азиз равона карда шуда,  мо сокинонро зарур аст ҷиҳати татбиқи  онҳо аз ҳар лаҳза бо истифода аз шароитҳои хубу замонавӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини зиндагии босаодати худ  кӯшиш ба харҷ диҳем.

Ҳамчунин, дар идома доир ба моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2020-2025-ро дар бар гирифтааст, баррасӣ карда шуда, қайд гардид, ки ҲХДТ худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии омеаи муосири Тоҷикистон буда, тавонист дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ вазъи сиёсии кишварро ба субот оварда, барои оромӣ, ҳифзи марзу бум ва ваҳдату ягонагии миллат мусоидат намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg