БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗ ВА РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ АЗ МУҲИМТАРИН ВАЗИФАҲОИ МО ДАР ЗАМОНИ МУОСИР БА ҲИСОБ МЕРАВАД!

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Бахши Фарҳанг»-и ноҳияи Вахш бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқоти  мазкур роҳбарияти  Кумитаи иҷроия  атрофи муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуда, афзуданд, ки мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем. Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти завқи наслҳои имрӯза аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он тарғибу ташвиқ гашта, иштироки фаъолонаи аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва мусоидат ҷиҳати ба таври шаффофу демократӣ баргузор гардидани маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода аз ҷамъомадагон даъват ба амал оварда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg