БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД, БАРОИ ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҶОМЕА ТАЛОШ ВАРЗЕМ!

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Сино 5-1”-и шаҳри Бохтар  вохӯрӣ  доир карда шуд.

Дар ҷамъомад  намояндагони ҳизбӣ оид ба Паёми имсола  ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ андешаронӣ карда, қайд намуданд, ки ҳарчанд, ки дар натиҷаи таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир як қисми мушкилоти соҳа рафъ гардидааст, аммо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи касбии кормандони миёна ҳоло ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад. Барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии онҳо тамоми шароитро фароҳам оварем. Аз ин лиҳоз кормандони соҳаи тиббро лозим аст, дар ҳифзи солимии ҷомеа масъулияти баландро зоҳир намоянд ва дар вазифаҳои хеш содиқона ба халқу Ватан хизмат кунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg