БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯИ 13-УМИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН БАРГУЗОР ГАРДИД

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки Назарзода Толибҷон раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, Зарифзода Почохон -узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва раиси ноҳия, Икромзода Амирхон- вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, Ҳусейнзода Навруз роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва фаъолону ҷонибдорони ҳизб, ки ба ҳайси вакил даъват шуда буданд, баъд аз танаффуси муҳлатнок ба кори худ шурӯъ намуда.

Конфронс аз рӯи ду масъала-  пешниҳоди вакил ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва пешниҳоди вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро  аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  мавриди муҳокима ва баррасии вакилон қарор дода,  номзадҳои арзандаро  ба вакилӣ пешбарӣ  намуд.

Зарифзода Почохон Ҳабибулло аз ҳавзаи №69 ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят бо дастгирии вакилони Конференсия пешбарӣ гардид.   Номзадҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия низ пешниҳод ва аз ҷониби вакилони конференсия  пешбарӣ карда шуданд.Бояд қайд кард, ки ба ҳайси номзадии вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳисоби ҲХДТ 40%-ро занон  ташкил дод.

Ҳусейнзода Наврӯз дар бораи баргузории интихобот ва риояи принсипҳои он, аз ҷониби намояндагони ҲХДТ,  роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо ва дар доираи қонунҳои амалкунанда ва санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ иштирок дар маъракаи муҳими сиёсӣ андешаронӣ карда, ба вакилони пешбаригардида, дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо таманно намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg