БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯИ 13 –УМИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУЗ

ШАҲРИТУЗ. Дар толори  қасри  фарҳанги  ноҳияи  Шаҳритуз  баъди танафуси  эълонгаштаи  Конференсияи 13-уми КИ ҲХДТ  дар  ноҳияи  Шаҳритуз бо иштироки 210-нафар вакилони Конференсия ба.кори  худ  оғоз  намуд.

     Дар  Конференсия  раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Шарофзода Ҳомидҷон, намояндаи  КИ ҲХДТ  дар вилояти  Хатлон  Саидов  Ҳусен ва муовини  раиси  ноҳия-аъзои КИ  ҲХДТ  дар ноҳия Раҷабзода  Меҳринисо иштирок  доштанд.

      Конференсияи 13-уми КИ ҲХДТ  дар  ноҳияи  Шаҳритуз ду масъаларо барраси намуд.

     Аз руи масъалаҳои баррасигардида номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз пешниҳод гардиданд.

     Дар кори Конференсия намояндаи КИ ҲХДТ  дар вилояти  Хатлон Саидов  Ҳусен баромад намуда, ба вакилони Конференсия маслиҳатҳои муфид дод.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg