БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ЯКМАНДАТИИ “ДАНҒАРА №36” ПЕШБАРӢ ШУД

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Конференсияи муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Норак бо иштироки 170 нафар вакил баргузор шуд.

Дар кори Конференсия, узви КИМ ҲХДТ Саид Нуриддин Саид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад, муовини раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Бунафша, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумринисо  иштирок доштанд.

Ҳамзамон, дар Конференсия фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва меҳмонон аз сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбӣ низ ҳузур доштанд.

Конференсия тибқи рӯзномаи тасдиқшуда, пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии «Данғара №36» баррасӣ гардида,  Каримзода Пирмуҳаммад дар баромад қайд кард, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4 декабри соли 2019, таҳти рақами 1380 Интихоботи даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзи 1 марти соли 2020 таъин гардидааст. Мутобиқи моддаи 30-юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатӣ низ пешбарӣ намоянд.

Сипас, Саид Нуриддин Саид баромад намуда, номзадии Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар ҳамин радиф вакилони Конференсия Тоирзода Суҳроб, Зайниддинов Вайсиддин, Ахмедов Шодмон таклифи узви Саид Нуриддин Саидро ҷонибдорӣ намуда, иброз доштанд, ки шахси пешбаришаванда воқеан арзанда мебошад. Баъд аз овоздиҳии пинҳонӣ ва хулосаи комиссияи баҳисобгирии овозҳо Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ бо гирифтани 168 овоз аз шумораи умумии 170 вакилони Конференсия ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии  “Данғара №36» пешбарӣ гардид. Зимнан, Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ ба сухан баромада, аз вакилон барои дастгирии ҳамаҷониба изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Дар идомаи суханрониаш мавсуф қайд кард, ки мекушад ба он эътимоду боварии вакилони Конференсия сазовор бошад ва барои халқу Ватан содиқона ва самимона хизмат намояд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg