Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори мачлисгоҳи ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Конференсияи ХII ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидов Ҳусейн ба кори худ идома бахшид.
Дар конференсяи мазкур масъалаҳо оид ба пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва ноҳиявии ҳизб баррасӣ гардида, бо овоздиҳии кушод номзадии вакилон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пешбарӣ гардиданд.
Зимни андешаронӣ узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло ва намояндаи ҳизби вилоят Саидов Ҳусейн дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар давраи интихоботӣ фикру андешаҳои хешро баён дошта, аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки дар сатҳи баланди сиёсӣ ва шаффофу демократӣ баргузор гардидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ аз ҳар яки мо вобастагии амиқ дошта, мо масъулонро лозим аст дар интинхоботи дарпешистода бо омодагиҳои ҳамаҷониба ширкат варзем.