А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва гурӯҳи таблиғотии ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо аъзои ташкилотҳои ибтидоии «Умед» ва «Ваҳдат»-и ҷамоати шаҳрак хониши сиёсӣ баргузор карданд.
Дар вохӯрӣ роҷеъ ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, эҳтироми калонсолон, илмомӯзӣ, сарфакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ ва пардохти саривақтии барқи истифодашуда, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонии кӯчаву маҳал суханронӣ шуд.