А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ташхис»-и назди Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вобаста ба шаҳру тавзеҳи Паём ва барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки Паёми Пешвои миллат барномаи мукаммали давлатӣ маҳсуб ёфта, нишондиҳандаҳои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳуриро дар солҳои сипаригардида ва вазифаҳои навбатиро барои солҳои минбаъда муайян намудааст. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз Паём бармеоянд, ба мо лозим аст, ки ҳамчун мутахассиси соҳаи худ бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ ва ҳуввияти миллӣ бештар меҳнат намоем ва ба нишондиҳандаҳои назаррас дар фаъолияти касбии худамон ноил гардем. Яке аз дастоварҳои хотирмони ду соли сипаригардида ин ба кор даровардани ду чархаи НБО Роғун мебошад, ки Пешвои миллат дар Паёмашон қайд карданд.