
ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи иҷтимоӣ” баргузор гардид.
Зимнан масъулин дар мулоқот вобаста ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, аз он ҷумла маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуданд. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ қайд доштанд, ки имрӯз дар кишвар расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд ба ҳукми анъана даромадааст. Халқи тоҷик дар ҳамаи давру замон ба табақаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, саховату ҳимматбаландии ибратомӯз нишон додааст - ёдовар шуданд масъулони чорабинӣ.