БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАИ ҲХДТ БАРНОМАИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Алоқа”-и ноҳияи Ҷайҳун вохӯрии намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо аъзои ташкилот бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ,тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он дар марҳалаи интихобот ва эҳсоси масъулият дар баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон баргузор гардид.

Зимнан масъулин аз Паёми Пешвои миллат иқтибос оварда, қайд намуданд, ки интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад.

Дар идома моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро шарҳу тавзеҳ намуданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg