БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАВАҶҶУҲ БА САТҲИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА МЕАФЗОЯД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Фонди нафақа”-и ноҳияи Ҷайҳун вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат, тарғибу ташвиқи  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он дар марҳалаи интихобот ва эҳсоси масъулият дар баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон баргузор гардид.

Зимнан масъулин оид ба беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба нафақахӯрон, таъмини устувори низоми молиявӣ, ҳаҷми маблағгузориҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ёдовар шуда, қайд намуданд, ки дар мамлакат 700 ҳазор нафақахӯрон, аз ҷумла 148 ҳазор маъюбон, 5277 ятими кулл ва 74 ҳазор ятимон зери сарпарастии давлат қарор доранд.

Сипас, моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ба ҳозирин шарҳ дода шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg