БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОХТМОН ИНЪИКОСКУНАНДАИ РУШДИ КИШВАР АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии  “КДФБММҒ”-и ноҳияи Носири Хусрав хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар баргузории хониши сиёсӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ аз ҷумла қайд намуданд, ки сохтмон яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Дар  замони соҳибистиқлолӣ бо назардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва  бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум 135 ҳазор гектар замин барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим шудааст. Аз ин лиҳоз кормандони  сохтори заминсозӣ  ва масъулини бахши соҳаи меъмориро зарур аст бо риояи  санъати меъморӣ барои боз ҳам беҳтару зебо гардидани симои шаҳру деҳот кӯшиш ба харҷ диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg