БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШИНОХТИ БЕШТАРИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  мақсади шарҳи Паёми имсола дар ташкилоти ибтидоии “Амонатбок”-и ноҳияи  Носири Хусрав хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат таъкид доштанд, ки Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон-“Амонатбонк” бояд ҷиҳати ба таври назаррас зиёд намудани ҳаҷми  қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус бахшҳои  истеҳсолӣ ва паст кардани  фоизи он чораҳои таъхирнопазир андешанд - ёдрас шуданд баромадкунандагон.   

Вобаста ба маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қайд намуданд, ки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаъолияти  минбаъдаи  худро дар ин маърака вусъат бахшида, барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро ҳамчун барномаи амал ба роҳбарӣ гирифта, барои  устувории мавқеи ҲХДТ дар маъракаи интихоботӣ ва номзадҳои  пешбаринамудаи он боз ҳам бештар саҳм гузоранд, то ба боварии халқ сазовор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg