БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕҲТАР КАРДАНИ ВАЗЪИ ИҶТИМОИИ ТАБАҚАҲОИ ОСЕБПАЗИРИ ҶОМЕА- ҲАДАФИ АСОСИИ ҲХДТ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Агентии суғуртаи иҷтимоӣ”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии кормандони масъули ҳизбӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баргузор гардид.

Ҳангоми баромад раиси  Кумитаи иҷроия қайд кард, ки Пешвои миллат,  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯи менамояд. Дар сиёсати иҷтмоии Ҳукумати кишвар дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартариат дар солҳои минбаъда низ боқӣ монад.

ҲХДТ ҷомеаи шаҳрвандиро марҳилаи олии рушду инкишоф ва яке аз шаклҳои ҳамраъйиву ҳамкории инсонӣ ва асоси устувории давлат ҳисобида, барои баланд бардоштани нақшу ҷойгоҳи он дар байни аҳолии  кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg