ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Қубодиён суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодаанд.
Вобаста ба масъалаи зикргардида дар ташкилоти ибтидоии “Заминсоз” хониши сиёсӣ доир гардида, дар он намояндагони ҳизбӣ дар бораи Паёми имсола, моҳияти барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла таълиму тарбияи наврасон ва ҷавонон, масъалаҳои ташвишовари терроризму экстремизм, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ҷалби ҷавонон ба донишомӯзиву касбу ҳунарҳои мардумӣ, суханронӣ намуда, иштирокдоронро ба амалҳои созанда раҳнамоӣ карданд.