БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШБАРИИ ВАКИЛОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИЗБӢ

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон идомаи Конференсияи 12-уми ҲХДТ баргузор гардид.

Дар Конференсияи мазкур роҳбари дастгоҳ- мудири шуъбаи ташкилӣ, назорат ва ба ҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз, Узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Балҷувон Зоирзода Маърифат, раиси комиссияи ноҳиявии  интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон Файзуллозода Файзиддин, раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии №12, оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон Гулмаҳмадзода Замир иштирок намуданд.

Ба кори Конференсия раиси Кумитаи иҷроия Мирзозода Исуф ифтитоҳ бахшида, дар бораи пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии №12, пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия андешаронӣ намуд. Иштирокдорони Конференсия якдилона номзадии раиси ноҳия Зоирзода Маърифатро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии №12 ҷонибдорӣ карданд.

Инчунин, дар он номзадии 28 нафар вакилонро аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  пешбарӣ  карда шуданд.

Бояд зикр кард, ки аз 28 нафар вакилони пешниҳодгардида 40 фисади онро занон ташкил менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg