БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ҲХДТ САҲМИ МУНОСИБ ДОРАД

БОХТАР. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии “Шифо” оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва муаррифии номзадҳои он вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар мулоқоти мазкур намояндагони ҳизбӣ иштирок дошта,  иброз дошт, ки ҲХДТ дар панҷи соли гузашта дар роҳандозӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва таълими калонсолон, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар саҳми муайяни худро гузошт. Минбаъд низ шуғл пурмаҳсул тавассути баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва сифати бозори меҳнат, рушди соҳаҳои саноати коркард, кам кардани шумораи бекорон, махсусан дар деҳот дигаргуниҳои сохторӣ ва идоракунии самарабахши муҳоҷирати меҳнатӣ вусъат дода мешавад. ҲХДТ дар самти бо ҳамаи зинаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, ҳамзамон бо бахши хусусӣ ҳамкориро беш аз пеш вусъат дода, ният дорад ҷиҳати таҳким бахшидани корҳо як  қатор ҳадафҳои созандаро амалӣ созад.
Сипас, Нурализода Алихон раиси ташкилоти ибтидоӣ ба сухан баромада, барои роҳбарияти ҲХДТ барои дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ  аъзои ҳизб масъулияти баландро соҳибанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg