Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ҶОНИБДОРӢ АЗ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ҲИМОЯ АЗ МАНФИАТҲОИ МИЛЛИСТ!

АНДЕША. Имрӯзҳо барои  мардуми  шарифи  кишварамон давраи хеле  пурмасъул,  яъне дар  марҳилаи  баргузории  интихобот  ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва Маҷлисҳои маҳаллии  вакилони  халқ, ки яке  аз шакли  беҳтарини  демократикунонии  ҷомеа ба шумор  меравад, қарор  доранд.  Интихобот  ифодаи  олии  бевоситаи  халқ тавассути  изҳори  озодона ва  ихтиёрии  иродаи  интихобкунандагон  буда, ба таври  демократӣ ва озоду  шаффоф баргузор  намудани  он яке  аз вазифаҳои  асосии  аҳли  ҷомеа  ба  шумор  меравад.  Интихобот ҳамчун  маъракаи  муҳими  сиёсӣ аз  ҳар  як  шаҳрванди  кишвар  ба  хотири  рушду  ободии  фардои   мамлакат ва  осоиши   наслҳои  оянда,  фарҳанги  баланди  сиёсӣ, ҳисси  ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро  тоқазо мекунад.

Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон    ҳамчун  ташкилоти ҷамъиятию сиёсӣ  дар  таҳкими  давлати  соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва  ягона, инчунин иқтисодиёти  устувор, ки  баҳри   беҳбудии  ҷомеа  нигаронида шудааст ,  фаъолияти  густурда  дорад. Яке  аз  хизматҳои  бузурги  ҳизб  дар таҳкими  давлатдории  тоҷикон  дар  он  аст, ки  дар  давраи хеле  ҳассоси  таърихи  навини  миллат мардумро  дар  меҳвари  як  мафкураи  созанда  муттаҳид  намуд ба  мухолифату даргириҳои  фоҷиабори  сиёсӣ  хотима  бахшид.

Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон имрӯз  тамоми  нерӯҳои  солими  ҷомеаро  дар  сафҳои  худ  муттаҳид  намуда, бо  мақсади  зина  ба  зина  баланд  бардоштани  некӯаҳволии   халқ, рушди  иқтисод  дар  заминаи  пешрафти  шаклҳои  гуногуни  моликият, таъмини  ҳуқуқу  озодиҳои  инсон  таъсис дода шуда, барои  дар  амал  татбиқ  намудани  ин  ҳадаф  фаъолият  менамояд

ҲХДТ –ҳизби  роҳнамои  ҷомеа буда, вазифаҳои  ҳар  як  шаҳрванд, аъзои  ҳизбро  дар  самти  пойдории  Истиқлолияти  давлатӣ, Ваҳдати  миллӣ, сулҳу  оромӣ, рушди  устувори  иқтисодӣ  сафарбар  намуда  истодааст.  Дар  ин ҷода  мо   фаъолони  ҳизб корҳои  тарғиботиро  дар  байни  сокинон ҳамарӯза  ба  роҳ  монда,  боварии  мардумро  бештар  ба  ояндаи  неки  кишварамон  равона намуда,  ба солимии    ҷомеа  диққати  ҷиддӣ  зоҳир  менамоем. 

Бо  гузашти  солҳо  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон   ба  нерӯи  тавоно ва  созандаи  ҷомеаи  навини  кишварамон  табдил  ёфт, ҳамчун  қувваи  пешбаранда  ва  пешоҳангӣ  ҷомеа  дар  доираи  татбиқи  барномаҳои  худ ба  таҳкими   нерӯи  иқтисоди кишвар, таъсиси  ҷойҳои  нави  корӣ ва  муҳимтар  аз  ҳама, ба  беҳтар гардидани  сатҳу  сифати  зиндагии  мардум мусоидат  намуда  истодааст. Имрӯз   ҳар  яки  мо  аъзои   ҳизб  дарк  намудем, ки  аъзои   ташкилоти  ҳизбӣ  будан  ин  масъулият  аст  ва   мо  масъулон  ин  масъулиятро пурра  дарк намуда,  дар  фаъолияти  ҳамарӯзаамон  дар  доираи  имконияту  салоҳият барои  пешрафти  кишварамон  дар  амал  татбиқ  намуда  истодаем.

Пешвои  миллат,  Раиси  муаззами  ҳизбамон   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар ҳамаи  баромаду  мулоқоташон  таъкид  менамоянд, ки  ҳизби  мо  ҳизби  мардумист, ҳалли  мушкилоти  шаҳрвандон, иҷрои  масъалаҳои  ба  миёнгузоштаи онҳо  яке аз  самтҳои  муҳими  фаъолияти  мо  ва робита  бо  мардумро яке  аз вазифаҳои  асосии  мо  ҳизбиён   дастур  доданд.

Ҳамаи  сохторҳои  ҳизб  ин  дастури  Сарвари давлатро  роҳнамои  фаъолияти  худ дониста,  шарҳу тавзеҳи  дуруст  ва  саривақтии   иқдомоту ташаббусҳои  созандаи  роҳбарияти  мамалакат, ҷиҳати  ба  корҳои  созандагиву  бунёдкорӣ  роҳнамоӣ  намудани  сокинон,   робитаро бо  мардум  тақвият  бахшида,     бо  ин  васила   обрӯ ва  нуфузи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистонро  дар  ҷомеа  боз  ҳам  боло  бурда  истодаанд.

Бо  мақсади  дар  доираи  қонун, ошкору  шаффоф ва  тибқи  меъёрҳои  демократӣ баргузор  гардидани ин чорабинии  муҳими  сиёсӣ  аъзои   ҲҲДТ  дар   ноҳияи Носири Хусрав омодагии  ҷиддӣ  дида,  барои дар  доираи  қонун баргузор  гардидани   интихобот,  ҳайати  Ситодҳои  пешазинтихоботии  ҳизбӣ  таҳия  ва  тасдиқ  гардида, корҳои  фаҳмондадиҳию  тарғиботӣ   дар  байни  интихобкунандагон  роҳандозӣ  шуда  истодаанд.

Ҷиҳати  иштироки  фаъолона   дар  маъракаи  интихобот  Барномаи  пешазинтихоботии  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  ҳамчун  барномаи  амал  ба  роҳбарӣ  гирифта шуда, Барномаҳои  пешазинтихоботии  номзадҳо ба  вакилии  ҳамаи  зинаҳои  мақомоти  намояндагии  аз  ҷониби  Ҳизби  Халқии Демократии  Тоҷикистон пешбаришударо  дар ноҳия дар  асоси  он  таҳия  карда, дар байни  интихобкунандагон тарғибу  ташвиқи  онҳо идома дорад.                Дар  Барномаҳои  пешазинтихоботии вакилони  ҳамаи  зинаҳои  мақомоти   намояндагӣ  ҷиҳати  вусъат  бахшидан ба  корҳои  созандагиву  бунёдкорӣ пеш  аз  ҳама ба  ҳалли  масъалаҳои  мавҷудаи  иҷтимоӣ, инчунин  дастгирии  қишрҳои  ниёзмандӣ ҷомеа дар  доираи  Аксияи  ҳизбии  «Якҷоя ҳал  мекунем!»  барои  боз  ҳам  эътибору  боварии  халқро  нисбати  ҲХДТ  бештар  намудан  аз  шаклу  усулҳои муоссири корӣ истифода  бурда  мешаванд.

 Яке  аз  ҳадафҳои  ҲХДТ  пешгирӣ  аз омилҳои  хатарноки  таъсиррасон  ба  мафкураи миллии  ҷавонон  яке  аз  самтҳои  афзалиятноки  сохторҳои  ҳизбӣ  буда, сафи  ҳизб аз  ҳисоби  ҷавонони  болаёқат ва  ояндасоз  мунтазам  меафзояд.  Зеро  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон ҷавононро нерӯи  созанда, боэътимод ва  сармояи  пойдории инсонӣ  мешуморад ва ба онҳо  такя мекунад.  Ҷавонони имрӯзаи  кишвар бо  эҳсоси     худогоҳиву хештаншиносии  баланди  ватандӯстӣ, ҳимояи  манфиатҳои  миллӣ ва  арзишҳои  бунёдӣ  дар  партави  ғояҳои  наҷибу созандаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,   Раиси  муаззами  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  муттаҳид  гардида, дар  баробари  ҳамагуна  таҳдиду  хатарҳо ба  фазои  фарҳангию  сиёсии  ҷомеа, дар  ҳифзу   ҳимояи  сулҳу  субот якдилии  мардуми  шарифи  Тоҷикистон қарор  доранд.     

Вазифаи  муқаддаси  мо  ҳизбиён дар  шароити  имрӯза аз  он  иборат  аст, ки дар  тарғиби  ғояҳои  созандаи  ҳизб, ки  аз  дастуру  супоришҳои Раиси  муаззами  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон маншаъ  мегиранд, мардумро  ҳарчи  бештар  огоҳ  намоем, онҳоро  ба  самти  роҳи  расидан  ба  фардои  нек сафарбар  созем. Тарғиби  сиёсати  Пешвои  миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, маънои  тарғиби ғояҳои  давлатдориро  дорад. Зеро  сиёсати  Пешвои  миллат, Роҳбари  азизу муътабари  ҲХДТ ифодагари манфиатҳои  миллӣ ва  омили  пешбурди  ҳаёти  ҷамъиятӣ  аст. Бо ҳамаи  ин  андешаю  хулосаҳо   боварии  комил дорем, ки дар  пешрафту  шукуфоии  Тоҷикистони  азиз, ҳар  як  фарди  ватандӯсти  кишвар барои   ояндаи дурахшони фарзандонамон  мулки  ободу  хуррам  боқӣ  гузоштанд. Аз Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  ҷонибдорӣ  намуда,  барои   ҳимоя ва  манфиатҳои  миллат,  дар  маъракаи  муҳими  сиёсӣ  интихобот фаъолона  иштирок  намуда ва  ҷонибдории  худро  аз  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон   барои   ояндаи дурахшони Ватанамон  изҳор  менамоянд.

Нишонзода  Даврон, узви КИ  ҲХДТ  дар вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Носири Хусрав

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg