ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат, таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «С. Шерназаров»-и ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин қайд намуданд, ки Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян карда, барои пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти тамоми соҳаҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузошт. Ҳамчунин дар идома ҷамъомадагон барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Паём, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ шуданд.