БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ИНТИХОБ ҲХДТ АРЗАНДА АСТ!

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Истиқлолият аст ва 25 сол боз фаъолият дорад.  Ин мӯҳлат дар ҳаёти як ҳизби сиёсӣ вақти чандон тӯлонӣ нест. Мо аз таърихи сиёсии ҷаҳон азҳоберо медонем, ки садсолаҳо фаъолият доранд, лекин мақом ва манзалати худро соҳиб нашудаанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мисли чашмаи мусаффоест, ки аз он садҳо ҳазор нафар то имрӯз баҳравар гашта истодаанд. Самараи он пешрафти иқтисоду сиёсат, иҷтимоиёту фарҳангу варзиш, сулҳу суботи саросарӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мебошад. Зимнан, мақому манзалати ҳизб дар ҷомеа пеш аз ҳама аз амалҳои анҷомдодаи кулли аъзо, барномаҳои созанда ва ташаббусҳои роҳбарияти он перомуни рушди иқтисоду иҷтимоиёт ва беҳдошти сатҳи зандагии сокинони мамлакат вобостагӣ дорад. Ин нуфуз ва маҳбубияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар умқи ҷомеаи Тоҷикистон реша давонда, манфиат ва хостаҳои  сокинони кишварро ифода мекунад. Барои ҳамин мо тақдирамонро бо ин ҳизб пайвастаем ва аз он ҷонибдорӣ мекунем.

Маъмурбӣ Раҳимова, узви ҲХДТ аз ноҳияи Фархор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg