БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ШАФФОФ ГУЗАШТАНИ ИНТИХОБОТ САҲМ МЕГУЗОРЕМ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилотҳои ибтидоии «Ҳифзи муҳити зист», «МНДСЭ» ва «Нури Сарбанд»-и шаҳри Левакант бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ ва барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид. Масъулон аз ҷумла иброз доштанд, ки мақсади асосии ҲХДТ фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии шоиста ба шаҳрвандон мебошад.

Дар идома самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ шарҳ дода шуд. Ҳамчунин, масъулон афзуданд, ки ширкати фаъолонаи шаҳрвандон дар маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳатмӣ буда, дар шаффофу демократӣ гузаштани он ва интинхоби вакилони арзанда ҳамагон бояд саҳми назаррас гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg