КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и ноҳияи Кӯшониён бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, тарғибу ташвиқи барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ намояндагони гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ бо аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур вохӯрӣ доштанд.
Дар ҷамъомад масъулин қайд карданд, ки Паём раҳнамо барои имрӯзу фардои кишвар, пешрафту ободии Ватан мебошад. Аъзои ташкилоти ибтидоӣ даъват шуданд, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Паём пурмаҳсул ва садоқатмандона фаъолият намоянд.
Инчунин, қайд карда шуд, ки ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати зиндагии арзандаи аҳолӣ, фароҳам овардани имконият ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон фаъолият менамояд.