ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Деҳаи Сомониён”-и Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ бо саҳми аъзову ҷонибдорони ҳизб дар доираи Аксияи "ҲХДТ мутаҳид месозад!” маъракаи кабудизоркунӣ роҳандозӣ гардида, 300 бех ниҳоли дарахтони анор ва арча шинонида шуданд, ки аз ин иқдом наҷиб ҳусни деҳа зиннати дигар гирифт.
Масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ба сокинон тавсия доданд, ки дар ин мавзеъ боз 200 бех ниҳоли дарахти анор шинонанд. Сокинон деҳа мақсад доранд, ки дар оянда бо ҷалби шахсони саховатпеша маъракаи ниҳолшинониро вусъат бахшида, дар рушду шукуфоии Ватан саҳми аразанда гузоранд.