ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо аъзои ташкилотҳои ибтидоии деҳаҳои “Лоҳутӣ”, “Ваҳдат” ва “Зарнисор” вохӯрӣ доштанд.
Дар вохӯрӣ масъулон оид ба самтҳои Паёми Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ карданд. Зикр гардид, ки таҳлил ва дастуру супоришҳои дар Паём дарҷшуда роҳи мо ҳизбиёнро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан сохт. Сипас, дар идома моҳияти барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ба дарки ҳамагон расонида шуд. Сокинони деҳаҳои мазкур ба татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб даъват шуданд.