Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Идораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳия вохӯрӣ баргузор карданд. Дар он масъулин атрофи муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат ва Барнома пешазинтихоботии ҲХДТ суҳбат намуда, аз ҷумла афзуданд, ки ба хотири таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти бомаром ва самараноки сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, идораи равандҳои иҷтимоию сиёсӣ ва ҳимояи онҳо аз зуҳуроти номатлуби ифротгароию терроризм, қочоқи маводи мухаддир, одамрабоӣ ва дигар равияҳои тафриқаангези динию мазҳабӣ, ки ҳадафи онҳо бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳокимият, аз байн бурдани сохти конститутсионӣ ва вайрон кардани тамомияти арзии давлат мебошад, пайваста ҲХДТ бо мардум кор мебарад. Таъкид шуд, ки шаҳрвандони бонангу номусро лозим аст бар зидди ин гуна афрод муборизаи беамон бурда, ҳар порча замини зархезу файзбори хешро ҳамеша ҳифз намоянд.