АНДЕША. Таъмини амнияти давлату миллат самти асосӣ ва муҳимтарини сиёсати хориҷии Тоҷикистон буда, дар ин замина, дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини амнияти миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа, хоса дар Ҷумҳурии Афғонистон ба муқобили ҳама гуна таҳдидҳои замони ҳозира, аз ҷумла терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, таҷҷоҳуми идеологияи таҳрибкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид зарурати муттаҳид сохтани қувваҳои ҷомеаи ҷаҳониро бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ҳама гуна экстремизм, ҳамзамон масъалаи таъмини сулҳу суботи Афғонистонро баён намудаанд.
Дар байни омилҳое, ки мақоми махсуси Тоҷикистони соҳибистиқлолро таъмин менамояд, метавон мавқеи муҳими стратегии ҷуғрофии сарҳадӣ бо Афғонистонро номбар намуд.
Зимнан, сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмад Зиё Сироҷ бо ҳайати баландпояи хадамоти амниятӣ ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 14-15 январи соли 2020 доир гардид, маҳз ба масъалаҳои ҳифзи сарҳади давлатӣ ва мубориза бо терроризми байналмилаллӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида буд.
Ҳамкориҳои дуҷониба имрӯз натиҷаҳои самаранок дода, дар ин замина, Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар асоси мубодилаи пайвастаи маълумоти оперативӣ ва ҳамкорӣ бо Хадамоти амниятии Тоҷикистон баҳри мубориза бурдан бо гуруӯҳҳои террористие, ки ҷиҳати анҷом додани амали террористӣ дар Тоҷикистон омодагӣ медиданд, онҳоро муайян намуда, чандин ҷинояткорону террористонро, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанд, ба ҷониби Тоҷикистон супорид.
Бояд тазаккур дод, ки ҳарчанд имрӯз кишвари Афғонистон бо дахолати қувваҳои беруна ба майдони рақобатҳои кишварҳои абарқудрат ёфтааст, дар масъалаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ пешсаф буда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти амниятии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро дар иртибот ба хатарҳои геополитикӣ ва дигар таҳдидҳои воқеӣ ба роҳ мондааст.
Бояд изҳори умед намуд, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои минбаъда дар Афғонистон низ сулҳ ва суботи комил пойдор мегардад.
А. Амирзода, таҳлилгари масоили сиёсӣ