БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ КИШВАР АЗ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ШАҲРВАНДИИ МО ВОБАСТА АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомонӣ” баргузор гардид.

Масъулин  дар мулоқот вобаста ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, аз  ҷумла  маъракаҳои муҳими сиёсии интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба ҳамаи сокинони мамалакат муроҷиат намуданд, ки то ҷашни муққадасу бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи  маҳаллаҳои аҳолинишин кӯшиш намоянд.

Дар фарҷоми сухан такид карда шуд, ки мо бояд ин ҷашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрӯза беҳтар ва бо дастовезҳои арзандаи миллат  истиқбол намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg