БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА НОМЗАДҲОИ АРЗАНДАИ ҲХДТ ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва Паёми навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии «Обикиик» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон вохӯрӣ баргузор гардид.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии мазкур кушода, иштирокчиёнро бо рўзномаи он  шинос намуд.

Сипас, намояндагони ҳизбӣ  ба сухан баромада,  муҳтавои Паёмро  муфассал шарҳу тавзеҳ дода,  қайд намуданд, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар охир ҷамъомадагон барои ташкили суҳбати самимона  изҳори миннатдорӣ баён карда, изҳор доштанд, ки мо аъзои ҲХДТ дар татбиқ дастуру супоришҳои аз  Паёми имсола бароянда  ва ҳадафҳои созандаи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки мақсаду маромаш “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” мебошад, ҳамаҷониба кушиш ба харҷ дода, дар рўзи интихобот ба ҲХДТ ва номзадҳои арзандаи он овоз медиҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg