БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАЛҚ БАЁНГАРИ СОҲИБИХТИЁРӢ ВА САРЧАШМАИ ЯГОНАИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТ МЕБОШАД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки аъзои Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ  дар ташкилоти ибтидоии “Беҳдоштӣ” оид ба омӯзиши Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, номзадҳои он ва Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ доир карда шуд.

Масъулин  дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, номзадҳои он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ маълумот дода, вазифаи ҳар як интихобкунандаро дар баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ возеҳ шарҳу тавзеҳ  доданд.

Мувофиқи меъёрҳои Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад ва онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд- қайд шуд дар баромад.

Интихобот бошад  ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад. Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванд барои рушду ободии кишвар масъулиятшиносии баландро тақозо менамояд.

 Сипас, дар қисмати амалии чорабинӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” як нафар шахси ниёзманди ҷомеа Саидова Зеборо аёдат карда шуда,  як миқдори муайян ба ӯ кумаки моддӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg