БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ БА ХОТИРИ ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ ДАВЛАТ КӮШИШ МЕНАМОЯД!

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва дар ростои  «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» элон гардидани соли 2020 барои ҳизбиёни вилояти Хатлон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Бозори марказӣ» мулоқот баргузор намуданд.

Зимни  суханронӣ масъулин оид ба аҳамияти рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ баромад намуда, кайд карданд, ки ҲХДТ ҷомеаи шаҳрвандиро марҳилаи олии рушду инкишоф ва яке аз шаклҳои ҳамраъйиву ҳамкории инсонӣ ва асоси устувории давлат ҳисобида, барои баланд бардоштани нақшу ҷойгоҳи он дар ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро амалӣ менамояд. Гузашта аз ин, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин, аз иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ғайрисиёсию ғайридавлатӣ ва ҷамъиятҳои динию фарҳангӣ иборат мебошад ва ҲХДТ ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлат ҳамеша ҷиҳати боло бурдани сатҳи фарҳанги сиёсии онҳо мусоидат менамояд.

Ҳамзамон нотиқон масълаи мусоидат дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва рушди коммуникатсияи кишвар бо роҳи сафарбар намудани сокинон ба хоҷагидорию кишоварзӣ ва бунёди роҳҳои маҳаллиро, ки Пешвои миллат дар Паёмашон гуфта гузаштанд, шарҳ доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg