Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ТО ҶАШНИ 30- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МО БОЗ КОРҲОИ ЗИЁДИ БУНЁДГАРОНАРО АМАЛӢ МЕКУНЕМ!

АНДЕША. Ироа гардидани Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи манфиатҳои миллии мамлакат мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди кишвар дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

Паём, сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як сокини кишварамон, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои оянда ва садои созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карда шуд, ки соли 2019  суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд  ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасоноҳои пулакӣ бошад 1,6 фоиз таъмин карда шуд».

Зимни ироаи Паём Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишварро вазифадор намуд, ки дар 7 соли оянда суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар як сол 7-8 фоиз, афзоиши ҳаҷми онро беш аз 1,8 баробар ва ба  ҳар сари аҳолӣ 1,7 баробар таъмин намуда, ҷиҳати ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 18 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ нақшаҳои тасдиқгардидаро бо сифат амалӣ намояд.

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як даврае пешниҳод гардид, ки кулли мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи таҷлил ва доир намудани санаҳои муҳими таърихӣ 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Сарвари давлат зимни ироаи Паём ба масъалаи рушди бахши хусусӣ рӯ оварда,  зикр намуданд, ки мо бояд ба  рушди ин бахш таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, муҳайё созем.   Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат дарҷ гардид, паст  намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мебошад. Ин масъала зери таваҷҷуҳи ҳамешагии давлату Ҳукумат, алалхусус Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин ҷост, ки имрӯз сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз коҳиш ёфта, дарозумрии  миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.

Масъалаи саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳамчун ҳадафи стратегӣ маҳсуб меёбад дар маркази диққати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор дорад.

Бинобар ин, ташаббуси саноатикунонии Тоҷикистон  масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон ва аҳолӣ, монеъ гардидан ба таблиғи ақидаҳои ифротӣ, аз байн бардоштани шиддати муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба ин восита таъмини амнияту субот дар мамлакатро дар назар дорад.    

Ҳамзамон, имрӯз масъалаи расонидани  кӯмак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони  эҳтиёҷманд дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қорор дошта, дар ҳама суханронӣ ва сафарҳои кории Пешвои миллат ба шаҳру  ноҳияҳои мамлакат мавриди баррасӣ қарор дошта, пеш аз ҳама ба дасгирии ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Роҷеъ ба ин масъала дар Паём таъкид шуд, ки «Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дасгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартарият  дар солҳои минбаъда низ боқӣ  мемонад». Вобаста ба таъмини истиқлолияти комили энергетикии  кишвар Пешвои миллат зикр намуданд,  ки: «Бо фаъол гардидани Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» Тоҷикистон метавонад ба яке аз кишварҳои истеҳсолкунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил ёбад. Чунки ин Нерӯгоҳ бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнергетикии  Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо сохтани Нерӯгоҳи барқии мазкур имконоти шодобгардонии боз садҳо ҳазор гектар замин дар минтақа муҳайё мегардад.  Гузашта аз ин, имконоти Тоҷикистон доир  ба истеҳсол ва содироти нерӯи арзони барқ бамаротиб боло меравад ва аз ин сарвати аз ҷиҳати экологӣ безарар дигар кишварҳои ҳамсоя низ метавонанд баҳравар гарданд». 

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми имсола ба он диққати махсус зоир гардид, корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин робита зикр карда шуд, ки ба муносибати таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ аз ҳисоби соҳибкорону ашхоси саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр  роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид  карда шуданд.

Ҳамзамон,  Пешвои миллат баён доштанд, ки: «Бовар дорам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ мекунем, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар менамоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозем ва сатҳи некӯаҳволии  халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем».

Бояд зикр намуд, ки дар Паёми имсолаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳлилу баррасӣ ва дурнамои масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, инчунин паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон, занон, худшиносии миллӣ,  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,   ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ, масъалаҳои вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир ва дигар мавзӯҳои сарнавиштсозӣ ҷомеаи Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфтан мумкин аст, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як қадами устувор ба сӯйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.

Шоҳиён Зарифхӯча Фақер, узви КИ ҲХДТ, И.в.раиси ноҳияи Панҷ                          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg