БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ 23-ЮМИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ НОМЗАДҲОИ АРЗАНДА ПЕШБАРӢ ГАРДИДАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Идомаи Конференсияи 23-юми ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Конференсия таҳти Раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу гузаронида шуда, дар кори  он роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз,  муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб  Каримзода Саломуддин, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, директори муассисаи давлатии таълимии “Мактаб барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Кӯлоб Одилзода Дилбар вакилон аз ташкилоҳои ибидоии ҳизбӣ, собиқадорони ҳизб, намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

         Дар Конференсияи мазкур аз ду масъалаҳои “Пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон” ва “Пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб” муҳокима гардиданд.

         Вобаста ба  пешбарии номзадҳо ба вакилии   Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб дар ҳавзаҳои интихоботии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, ба ҳавзаи интихоботи №5 сардухтури таваллудхонаи вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб Гадоева Ҳалима, ба ҳавзаи интихоботии  №6 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, ба ҳавзаи интихоботии №7 муовини директори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Шарипова Гулрухсор, ба ҳавзаи интихоботии №8 раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ва аз ҳавзаи  интихоботии №9 директори муассисаи давлатии таълимии “Мактаб барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Кӯлоб Одилзода Дилбар пешбарӣ гардида, аз ҷониби вакилони Конференсия якдилона дастгирӣ ёфтанд.

         Инчунин,  вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи Конференсия дар 40 ҳавзаи шаҳрӣ номзадҳо ба  вакилии  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб  пешбарӣ шуда, якдилона дастгирӣ ёфтанд.

         Сипас, Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз тамоми  номзадҳои пешбаригардидаро  ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳр табрик  намуда, дар  фаъолияти  минбаъдаашон  комёбиҳо таманно намуд.

         Конференсия бо садо додани суруди миллӣ ба кори худ хотима бахшид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg