КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсаднок, самаранок ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар маҳаллаи Суғдиёни шаҳри Кӯлоб бо сокинон вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ ва аъзои Ситоди таблиғотӣ, иштирок ва суханронӣ карда, Паёми Пешвои миллатро асоси дилгармии ҳар шаҳрванди соҳибандеша бобати танзими зиндагӣ ва фаъолияти масъулиятноки ӯ дар ҷомеа унвон намуданд.